Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз идомаи мубориза дар сабқати Осиё маҳрум шуд


Бозиҳои гурӯҳии даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ ба анҷом расиданд.

Ҳашт даста - Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ (гурӯҳи «А»), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «В»), Чин ва Кореяи Шимолӣ ( гурӯҳи «С»), Австралия ва Узбакистон (гурӯҳи «D») ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Вале дастаи Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар даври охирини гурӯҳи «С» бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:1 пирӯз гардид, аз идомаи мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ маҳрум шуд. Нимаи аввали ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро Фарҳод Тоҳиров ( дақиқаи 11-ум) ва Аҳмадзрейк (42-юм) заданд. Чаҳор голи Тоҷикистонро дар нимаи дуввуми бозӣ Самад Шоҳзуҳуров (ду гол), Давронҷон Тухтасунов ва Фарҳод Восиев ба самар расонданд.

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Чин бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Бад-ин тартиб Чин бо 7 имтиёз ҷои аввал ва Кореяи Шимолӣ бо 5 имтиёз ҷои дуввумро касб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гардид.

Натоиҷи бозиҳо ва мавқеъи дастаҳо дар сабқати гурӯҳӣ чунин аст:

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ -Эрон - 2:1.
Даври 2-юм - Яман – Арабистони Саъудӣ – 1:4, Эрон – Ҷопон – 2:4.

Даври 3-юм - Ҷопон – Арабистон – 1:1, Эрон – Яман – 2:0.

Б Ғ М Б Т/Т И

Ҷопон 3 2 1 0 10-3 7

Арабистон 3 2 1 0 7-3 7

Эрон 3 1 0 2 5-6 3

Яман 3 0 0 3 1-11 0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум Кореяи Ҷанубӣ – Сурия – 1:0, Ироқ - АМА - 1:2.
Даври 2-юм - Сурия – Ироқ – 1:2, АМА – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1.

Даври 3-юм - Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ – 2:0, Сурия – АМА – 0:2.

Б Ғ М Б Т/Т И

АМА 3 3 0 0 6-2 9

Кореяи Ҷан. 3 2 0 1 4-2 6

Ироқ 3 1 0 2 3-5 3

Сурия 3 0 0 3 1-5 0

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум – Чин - Тоҷикистон - 6:0, Кореяи Шимолӣ - Лубнон - 4:0.
Даври 2-юм - Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ - 1:1, Лубнон – Чин – 1:3.
Даври 3-юм - Тоҷикистон – Лубнон – 5:1, Кореяи Шимолӣ – Чин – 0:0.

Б Ғ М Б Т/Т И

Чин 3 2 1 0 9-1 7

Кореяи Шим. 3 1 2 0 5-1 5

Тоҷикистон 3 1 1 1 6-8 4

Лубнон 3 0 0 3 2-12 0

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум – Урдун – Узбакистон – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.
Даври 2-юм - Узбакистон – Австралия – 1:1, Тайланд – Урдун -3:2.

Даври 3-юм - Урдун – Австралия -1:2, Тайланд – Узбакистон – 0:1.

Б Ғ М Б Т/Т И

Австралия 3 2 1 0 4-2 7

Узбакистон 3 2 1 0 3-1 7

Тайланд 3 1 0 2 3-4 3

Урдун 3 0 0 3 3-6 0

Дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад, Ҷопон бо Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб бо Арабистони Саъудӣ, Чин бо Узбакистон ва Австралия бо Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳоӣ (11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG