Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши зидди исломситезӣ дар ҷаҳон


Дар пойтахти Озарбойҷон ин рӯзҳо як ҳамоиши байналмилалие ҷараён дорад зери унвони "Шаклҳои мухталифи исломситезиву бегонаситезӣ ва таъсири он ба ҷавонон".

Ин ҳамоиш бо ташаббуси вазорати умури ҷавонон ва варзиши Озарбойҷон, Шӯрои Аврупо, Созмони маъориф, илм ва фарҳанги исломӣ ташкил шудааст. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии шаклҳои мухталифи табъиз аст, ки бар асоси адовати мазҳабӣ рӯй медиҳад. Ин ҳамоиш 4 ноябр шурӯъ шуда, то рӯзи 8-уми ин моҳ бо ширкати беш аз 100 намоянда аз 40 кишвари ҷаҳон идома мекунад.

Ва дар ин замина, ман бо Илғор Иброҳимоғлу, донишмани улуми Ислом, раҳбари Маркази ҳимоят аз озодии мазҳаб ва эътиқод дар Озарбойҷон, сӯҳбат кардам. Оқои Иброҳимоғлу гуфт, ки дар шароити имрӯза масъалаи табъйизи инсон бар асоси адовати мазҳабӣ ва исломситезӣ хеле доғ мешавад:

"Масъалаи исломситезӣ як масъалаи хеле ҷиддии ҷаҳон ба шумор меравад. Мутаассифона, онро мешавад чун паёми аввалини шиносоии ҷаҳони Ғарб бо Ислом арзёбӣ кард. Ин ҷиҳати манфии ошноии аввал аст. Ҷиҳати мусбаташ дар ин ки мардум меоянду бо ин мазҳаб шинос мешаванд. Аз намунаҳои воқеъии исломситезӣ нашри карикатураҳои пешвоёни дини Ислом дар нашрияҳои аврупоӣ, сӯҳбатҳои нохушоянди попи Рум дар бораи Ислом соли гузашта, истифодаи зиёди ифодаи "фишизми исломӣ" аз ҷониби бархе раҳбарони ғарбӣ буда метавонад. Ҳамаи ин нафрати мазҳабӣ беасос ва бесабаб рух медиҳад, ки дар асли худ хеле хатарнок аст".

- Шумо мегӯед, ки ҳеҷ асосе барои вуҷуди чунин андешаҳо вуҷуд надорад, вале дар айни замон, Ғарбу Аврупо мегӯянд, ки бо хатароти тундгароиву терроризми мазҳабӣ рӯбарӯ ҳастанд ва шояд андешаҳои онҳо аз ин ҷо маншаъ мегирад?

Илғор Иброҳимоғлу: "Маҳз рӯҳияи исломситезӣ сабаби аслии болоравии зуҳуроти мисли терроризму тундгароӣ ва ситезаҷӯӣ мешавад. Ба фикри ман, ҳоло фурсати он расидааст, ки аз роҳи гуфтугӯ ва музокира ин рӯҳия аз байн бурда шавад ва вақте аз терроризму тундгароӣ ба унвони падидаҳои мазҳабӣ шикоят мекунанд, ин нодуруст аст. Терорризму тундгароӣ мазҳаб, миллат, нажод, забон надорад. Ин айнан ҳамон ҳолатест, ки вақте баъзе гурӯҳҳои чапгаро бо шиорҳои масеҳӣ ба худ сипар месозанд. Инро набояд бо шиорҳои зиддимасеҳӣ ва ё зиддисотсиалистӣ рад кард. Ҳамингуна Исломро бояд аз терорристону тундгароҳо ҷудо арзёбӣ кардан лозим аст. Исломситезӣ бояд чун як навъи бегонаситезӣ баррасӣ шавад".

- Модоме, ки шумо ба ин масъала рӯ овардед ва ёдовар шудед, ки ду соли пеш попи Рум Бенедикти 16 дар яке аз сафарҳояш роҷеъ ба пайғамбари Ислом Муҳаммад нораво сӯҳбат карда буд ва ин чиз шадидан боиси эътирози аксар кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳон шуд. Албатта вай баъдан узрхоҳӣ карду гуфт ва ба нишони эҳтиром аз дини Ислом аз масҷиди Туркия зиёрат кард. Ва имрӯзҳо баробар бо конфронси зидди исломситезии Боку дар Руми Итолиё низ барои нахустин бор як ҳамоиши азими раҳбарони ҷомеаи масеҳӣ ва мусалмонии ҷаҳон ҷараён дорад, ки рӯзи 4-ум шурӯъ шуда қарор аст 6-уми ноябр хотима ёбад. Ба андешаи шумо, то куҷо ин гуна мулоқот натиҷае ба бор хоҳад овард

Илғор Иброҳимоғлу: "Ин рӯзҳо ҷаҳон тағйироти хеле ҷиддиро паси сар мекунад: дар Амрико, дар сартосари ҷаҳон ҷомеаи демократӣ интизори ин аст, ки тағйироти ҷиддӣ ба миён меояд. Фурсате расидааст, ки бозистем ва фикр кунем, ки қарни 21 бояд ба қарни ҳамоиши фарҳангҳо табдил шавад. Ҳамаи ин мулоқотҳо, гуфтугӯҳо, баҳсҳо - ҳама барои ба роҳ мондани музокирот дар миёни ин ҷаҳони тақсимшуда хеле лозим аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишмандон, зиёиён бояд пешвои ин ҳама тағйирот бошанд, то ки ба ҳар гуна сиёсатмадорони дурӯғин нагузоранд, ки зери парчами Ислом таблиғоти террористу тундгароиро ба роҳ монанд".

- Ба андешаи шумо, рӯҳияи исломситезӣ чӣ паёмадҳое дошта метавонад?

Илғор Иброҳимоғлу: "Айнан ҳамоне, ки мо дар солҳои ҷанги 2 ҷаҳон мушоҳида кардем, вақте режими нозӣ даст ба куштори ҷамъии яҳудиён зада буд. Дар натиҷаи исломситезӣ дар воқеъ мусалмонони оддӣ азият мешаванд, онҳое, ки ба терроризму тундгарӣ ҳеҷ иртиботе надоранд. Аз ин назар исломситезӣ "бародари" яҳудиситезӣ аст. Ва вақте инро дарк мекунем, беҳтар мефаҳмед, ки ҳоло ҷаҳон бештар ба ҳамзистии бисёрмиллата ниёз дорад".

- Илғор, ҳоло аз ин масъала як сӯ мегузарем ва ман мехоҳам ба шумо роҷеъ ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон бигӯям, ки ҳоло дар ин кишвар шумори зиёди нафароне пайдо шудааст, ки худро пайрави равияҳо мухталифи мазҳабӣ, аз ҷумла Салафия муаррифӣ мекунанд. Дар муқобил, ҳукумат ва пайравони мазҳаби суннатӣ бо изҳори ташвиш аз ин вазъ кӯшиш мекунад, ки ҷавононро ба дарки амиқтари мазҳаби Ҳанафии дини Ислом, ки суннатан мардуми тоҷик аз он пайравӣ мекунанд, ҷалб кунанд. Бо амри раиси ҷумҳурӣ соли оянда дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа эълон шудааст. Аммо аз сӯи дигар, дар ҷаҳони демократӣ мафҳуми озодии эътиқод ва мазҳаб низ вуҷуд дорад, ки намешавад онро нодида гирифт.

Илғор Иброҳимоғлу: "Он чи ки дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, ин натиҷаи адами маърифат ва омодагии донишмандони исломӣ, набуди марказҳои бунёдии маърифатии исломӣ дар ин кишвар ва набуди методикаи таълими Ислом дар миёни ҷавонон аст. Дар шароити адами ҳама ин чизҳо мардум ба ифрот даст мезананд. Ва ин чиз хоси на фақат Тоҷикистон аст, дар дигар ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ айнан ҳамин гуна вазъро мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама бояд аз ҳама гуна тадбирҳои маъмуриву саркӯбгарона даст кашид, чунки ин гуна чораҳо вазъро бо шиддати бештар рӯбарӯ мекунад. Баръакс, бояд кори маърифатиро ба роҳ монда ба мардум имкони дарки мафҳуми амиқи дини Исломро фароҳам овард, ки ин як дини поку рӯшан ва корсоз аст. Вақте одамон аз имконияти шикастани ташнагии рӯҳиашон маҳруманд, ба ҳар гуна таълимоти алтернативӣ рӯ меоранд".

XS
SM
MD
LG