Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши раҳбарони ҷаҳон ба пирӯзии Обама


Раҳбарони кишварҳои хориҷӣ аз пирӯзии Барак Обама дар интихоботи раиси ҷумҳурии Амрико истиқбол кардаанд. Раиси Кумиссиёни Аврупо Хосе Мануэл Барросо бо ибрози хушнудӣ аз интихоби Обама ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико хостори “мушорикати тозаи байни Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида” шуд. Раиси ҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, “интихоби Обама умедвории азимеро дар Фаронса, Аврупо ва берун аз он барафарӯхт” . Дар Осиё, раиси ҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао гуфт, умедвор аст, ҳамкориҳои дуҷонибаи Чину Амрико ба марҳилаи нав бардошта хоҳанд шуд. Дар Афғонистон Ҳомиди Карзай ибрози умедворӣ карда, ки раиси ҷумҳури нави Амрико “ба Афғонистону сулҳу комёбӣ хоҳад овард”. Маҳмуд Аббос - раҳбари Ташкилоти Худгардони Фаластин, комёбии Обамаро сутуда ва аз ӯ даъват кардааст, талошҳо барои расидан ба созиши сулҳ миёни Исроилу Фаластиниёнро суръат бахшад.
XS
SM
MD
LG