Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марадона-сармураббии мунтахаби Аргентина


Ситораи футбол Диего Марадона расман сармураббии дастаи мунтахаби футболи Аргентина таъйин шуд. Марадонаи 48 -сола мунтахаби Аргентинаро барои сабқат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2010-ум, ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, тамрин медиҳад.

Рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон Марадона гуфт, ки "орзуи ӯ амалӣ шудааст." Мавсуф ваъда дод, ки ҳунарнамоии футболбозони мунтахаби Аргентинаро беҳбуд мебахшад.

Ба ҳайси футболбоз Марадона дар соли 1986-ум Аргентинаро ба гирифтани Ҷоми Ҷаҳонӣ ва дар соли 1990-ум мунтахаби футболи ин кишварро то қуваозмоии ниҳоӣ пеш бурдааст. Аммо баъди муддате Марадона ба истеъмоли маводи мухаддир одат карда, дар давоми даҳ соли гузашта аз бемории қалб, фишори баланди хун ва фарбеҳӣ азият кашидааст.
XS
SM
MD
LG