Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз Арабистони Саъудӣ кумаки молӣ мехоҳад


Қарор аст Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумури Покистон аз Арабистони Саъудӣ боздид ба амал орад. Вай аз ин кишвар хоҳад хост, то дар рафъи буҳрони молӣ ба Покистон кумак кунад. Бино ба гузоришҳо, Осиф Алӣ аз Саъудӣ хоҳад хост, ки то ду соли дигар пардохт барои нафти содиротиро ба таъхир андозад. Дар натиҷаи буҳрони сиёсии соли гузашта дар Покистон мушкили молӣ пеш омадааст. Покистон ҳамчунин бо Сандуқи Байналмиллалии Пул музокира анҷом медиҳад, то барои наҷоти иқтисоди худ миқдоре кумаки молӣ дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG