Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ ТВ-и "Ҷаҳоннамо" ба кор шуруъ мекунад


5-уми ноябр дар остонаи рузи Қонуни Асосии Тоҷикистон телвизюни нави "Ҷаҳоннамо" ба пахши барномаҳои худ шуруъ мекунад. "Ҷаҳоннамо" шабакаи иттилоъотист ва 24 соъат дар шабонаруз хабару барнома пахш мекунад. Бино ба хабарҳо, дар марҳалаи аввал танҳо 60 дарсади сокинони Тоҷикистон метвонанд барномаҳои ин шабакаро тамошо кунанд. Бо гузашти муддате пахши барномаҳои "Ҷаҳоннамо" руи мавҷҳои моҳвораӣ имконпазир хоҳад буд. Дар сурати дарёфти маблағи зарурӣ ҳукумати Тоҷикистон талош дорад ин шабакаро мисли шабакаҳои хабарии CNN ва "Ал Ҷазира" ба шабакаи муҳими телвизюнӣ табдил диҳад.

XS
SM
MD
LG