Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммар Қаззофӣ дар Белорус


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ҳини дидор бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко
Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ҳини дидор бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко

Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ барои нахустин бор аз Белорус дидан кард ва раисиҷумҳур Александр Лукашенко тасмим гирифт, ки меҳмонро бо шукӯҳи зиёд истиқбол кунад.

Ӯ Муаммар Қаззофиро шахсан дар фурудгоҳи шаҳри Минск пешвоз гирифт ва сарвари Либияро аз пуштибонии мардуми Белорус мутмаин сохт. Сарони Белорус ва Либия рӯзи душанбе дар музокироти расмӣ ширкат доштанд, ки дар фарҷоми он чанд қарордод, аз ҷумла, созишҳо дар бораи ҷилавгирӣ аз пардохти дубораи андоз ва дар бораи таҳкими ҳамкории миёни мақомоти додгоҳии ду кишвар имзо шуданд.

Александр Лукашенко, ки режимаш ба хотири поймосозии ҳуқуқи башар дар Белорус мавриди таҳримҳои Ғарб қарор дорад, ҳанӯз соли 2000-ум, зимни нахустин сафараш ба Либия бо ин кишвари воқеъ дар Африқои шимолӣ равобит барқарор карда буд. Ва аммо тайи ин солҳо Лукашенко, ба таъбири Вошингтон, “охирин диктатор ё мустабиди Аврупо” боқӣ монд ва аммо Муаммар Қаззофӣ аз, ба истилоҳи президенти вақти ИМА Роналд Рейган “саги девонаи Ховари Миёна” ба ҳампаймони мӯътабари дипломатӣ табдил ёфт.

Кишварҳои ғарбӣ соли 2005-ум, баъди он ҳамкорӣ бо Либияро аз сар гирифтанд, ки Триполӣ аз идомаи пажуҳиши барномаи силоҳи қатли ом даст бардошт ва масъулияти бомбгузорӣ дар Берлин дар соли 1986 ва суқути пурқурбонии ҳавопаймои амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Шотландия дар соли 1988-ро бар дӯш гирифт. Моҳи сентябри соли равон Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА аз Либия дидан кард, ки ин нахустин сафари як мақоми олирутбаи амрикоӣ ба Триполӣ дар беш аз 50 соли ахир буд.

Коршиносони белорус мегӯянд, Александр Лукашенко низ талош дорад чун Қазофӣ имиҷи худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ тағйир диҳад, ба вижа, ки ахиран Минск аз кумаки Сандуқи байнулмиллалии пул ба хотири рафъи паёмадҳои бӯҳрони сартосарии молӣ бархурдор шуд. Андрей Фёдоров – сиёсатшиноси муқими Минск мегӯяд:

«Белорус ба ташрифи Қаззофӣ ниёз дорад, то намоиш диҳад, ки кишвари дар инзивоъ қароргирифта нест ва сарони кишварҳо ба он ҷо сафар мекунанд. Ҳарду ҷониб ҳамчунин шояд барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ба андозае ҳамкориҳои низомӣ талош кунанд».

Нахустин сафари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба минтақа баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар Укроин поён меёбад. Ин сафар рӯзи якшанбе аз Маскав шурӯъ шуд, ки ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар музокирот ҷонибҳо дар мавриди аз сӯи Русия бунёд шудани реактори ҳастаӣ дар Либия созиш ҳосил карданд.

Либия ҳамчунин хостори таҷдиди силоҳу таҷҳизоти низомии айёми шуравӣ шудааст – тайи даҳсолаҳо бар асари таҳримҳои СММ Триполӣ ҳаққи харидории силоҳу таҷҳизоти навро надошт. Коршиносон ҳадс мезананд, ки акнун миёни Маскав, Киев ва Минск барои соҳиб шудан ба ҳаққи таҷдиди силоҳу лавозимоти ҷангии Либия муборизаи шадид сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG