Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Сандуқи байнулмилалии пул ба Қирғизистон


Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, тарҳи воми 60 миллион долларӣ ба Қирғизистонро барои коҳиши асари бӯҳрони молии ҷаҳон ба ин кишвар тақрибан ба тасвиб расондааст. Ин кӯмак аз бунёди вомҳои изтирорӣ ба кишварҳое дода мешавад, ки иқтисодиёти онҳо дар вазъи осебпазир аст. Қирғизистон гуфтааст, ин сармояро барои коҳиши таваррум ва пуштибонӣ аз бенавоён истифода хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG