Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз нависандаи чех Милан Кундера


Ёздаҳ нависандаи саршинос аз ҳампешаи машҳури чехи худ Милан Кундера дар муқобили иттиҳоми ӯ ба хабаркашӣ барои мақомоти махфии давлати коммунистӣ ҳимоят карданд. Матбуоти чех навишт, Кундера дар ҷавонияш шахси ғарбиеро ба хадамоти махфӣ фош кардааст, ки ба дигарандешон кӯмак мерасонд. Кундера ин айбмониҳор рад кард. Дар миёни ҳимоятгарони ӯ Салмон Рушдӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт Орҳан Помук ҳастанд, ки ҳодисаро маъракаи бадномкунии шӯҳрати Кундера номидаанд.
XS
SM
MD
LG