Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти модаркалони Барак Обама


Сенатор Обама, номзади демократҳо дар интихоботи президентии Амрико гуфт, имрӯз модаркалони 86-солаи ӯ, пас аз набарди тӯлонӣ бо саратон аз ҷаҳон гузаштааст. Обама, ки дар сабқат бо сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Макейн дар рақобат аст, гуфт, модаркалони вай, Маделин Дунҳам, ба қавли ӯ, пойдевори хонаводаи онҳо будааст. Обама афзуд, пас аз он ки падараш, муҳоҷир аз Кения оиларо тарк кард ва модараш ба зудӣ даргузашт, ӯро модаркалонаш Дунҳам ба воя расондааст.
XS
SM
MD
LG