Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко Либияро дӯст ва шарики наздик номид


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ имрӯз дар Минск бо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко мулоқот кард. Лукашенко дар шурӯъи гуфтугӯ Либияро дӯст ва шарики наздики Беларус ном бурд ва гуфт, Минск аз ҳимояти доимии Либия аз Беларус дар саҳнаҳои байналмилалӣ сипосгузор аст. Имрӯз миёни Либияву Беларус як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ низ имзо шуд. Муаммар Қаззофӣ рӯзи сешанбе дар пайи дидор аз Русияву Беларус аз Украина низ дидан хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, Қаззофӣ дирӯз дар Маскав қарордодеро баррасӣ кардааст, ки тибқи он, Русия дар Либия реакторҳои ҳастаӣ сохта, масъулияти таъмини он реакторҳо бо маводи сӯхти ҳастаиро низ бар ӯҳда мегирад.
XS
SM
MD
LG