Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти барқ аз Туркманистон оғоз ёфт


Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, воридоти нирӯи барқ аз Туркманистон аз 1 ноябр шурӯъ шуд. Тибқи қарордод, Тоҷикистон то поёни соли ҷорӣ аз он кишвар 400 миллион киловатт-соат ва дар моҳҳои боқимондаи фасли сармо 800 миллион киловатт- соат нирӯи барқ ворид хоҳад кард. Душанбе барои ҳар киловатти барқ ба Ишқобод 3 сент ва барои транзит ба Тошканд 0,3 сенти дигар пардохт мекунад. Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” қаблан гуфта буд, ба муҷарради оғози воридоти нирӯи барқ аз Туркманистон лимити нирӯи барқ дар Тоҷикистон аз 6 соати феълӣ ба 8 соат дар шабонарӯз боло бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG