Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Дейвид Петреус – дар Покистон


Мулоқоти Дейвид Петреус ва Аҳмад Мухтор, вазири хориҷаи Покистон
Мулоқоти Дейвид Петреус ва Аҳмад Мухтор, вазири хориҷаи Покистон

Фармондеҳи нави ситоди марказии артиши ИМА дар Ироқу Афғонистон генерал Дейвид Петреус бо сафари корӣ вориди Покистон шуд.

Гуфта мешавад, ӯ дар таййи ин сафараш як силсила музокиротро анҷом медиҳад.

Ин боздид дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Вошингтон бо Исломобод ба далели ҳамлаҳои фаромарзӣ дучори таниш шудааст. Исломобод ҳамлаҳои мушакиеро, ки ба гуфтааш, нерӯҳои Амрико алайҳи пойгоҳҳои ҷангиён дар минтақаҳои қабиланишини Покистон анҷом медиҳанд, нақзи истиқлоли худ номида, маҳкум мекунад. Мақомоти Амрико ба навбаи худ бархе афроди хадамоти кашфи Покистонро дар мусоъидат ба ҷангиён дар амри роҳандозии ҳамалот дар Афғонистон айбдор мекунанд.

Д. Петреус, ки дар симати фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ ба беҳбуди вазъи амниятӣ дар он кишвар муваффақ шуда, обрӯ ва эътибори қобили мулоҳизаеро ба даст овард, ҳамроҳи ёвари вазири хориҷаи Амрико Ричард Баучер вориди Исломобод шуд.

Вазири дифоъи Покистон Чаудрӣ Аҳмад Мухтор дар Равилпиндӣ дар мулоқот бо Петреус ва Баучер изҳори нигаронӣ карда, ки ҳамлаҳои мушакии Амрико дар дохили қаламрави Покистон дар ҷавоб мунҷар ба бурузи хушунатҳо гардида, талошҳои анҷомшуда ба хотири фурӯ нишондани ифротгароиро замин хоҳад кард.

Петреус ва Боучер ҳамчунин бо раисҷумҳури Покистон мулоқот карда, ба дунбол, ба хотири гуфтугӯ бо фармондеҳони маҳаллие, ки алайҳи ҷангиёни исломӣ меҷанганд, ба Пешовар, маркази маъмурии вилояти Шимолу Ғарб, хоҳанд рафт ва сипас озими Афғонистон хоҳанд шуд.


И

Дар ҳамин ҳол генерали бознишастаи покистонӣ Талъат Масъуд бар ин аст, ки дар Исломобод умедворанд Петреус ба беҳбуди равобит миёни Амрикову Покистон мусъоидат хоҳад кард: “Ба назари ман, ин аломати хуб аст. Аломати хуб ин аст, ки генерал Петреус нахустин сафарашро ба Покистон анҷом медиҳад. Ин нишон медиҳад, ки Покистон дар мавриди мояи нигарониҳои Амрико чи андоза муҳим аст. Генерал Петреус обрӯи хеле хуб дорад. Мо фақат умеди инро дорем, ки ӯ қодир ҳаст, ки ба масоил ва назарҳо дар Амрико роҷеъ ба шеваи муомила бо Покистон ва шеваи расидагӣ ба вазъ дар Афғонистон ва манотиқи қабиланишини Покистон таъсир расонад».

Амрикову Покистон ду кишвари муттаҳид дар ҷанг алайҳи террор шинохта шудаанд, вале дар ин авохир миёни онҳо дар масъалаи шеваи рафтор дар ин ҷанг ихтилофи назар бархостааст. Исломобод ба ҳамлаҳои мушакие, ки бовар меравад, нерӯҳои Амрико алайҳи чирикиҳои «Толибон» ва «ал-Қоъида» дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва соъири манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон анҷом медиҳанд, эътироз мекунад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Покистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҷангиёне, ки аз он кишвар вориди Афғонистон мешаванд, ба қадри кофӣ амал намекунад. Мақомоти амрикоӣ ҳамчунин мегӯянд, бархе маъмурони ICI, хадамоти кашфи Покистон, ба ҷангиёни исломӣ дар амри роҳандозии ҳамалот дар Афғонистон, бо шумули ҳамлаи пурқурбонии маргталабона дар назди сафорати Ҳинд дар Кобул, мусоъидат мекунанд.

Генерал Талъат Масъуд мегӯяд, мояи хушбинӣ ин аст, ки ҳарду ҷониб хостори ҳамоҳангии беҳтари фаъъолиятҳоянд ва ҳарфҳои Дейвид Петреус дар мавриди зарурати таҳияи як стротежии субот дар минтақа ва ҷалби раҳбарони қабоил ба талошҳои мубориза алайҳи ҷангиён бар ин хушбинӣ меафзояд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, худи таъйини Дейвид Петреус ба курсии фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико аз он дарак медиҳад, ки Пентагон нокомиаш дар Афғонистонро акнун эътироф мекунад. Ба эътиқоди онҳо, генерал Петреус ба ҳайси мутаххасиси варзидаи амалиётҳои зиддичирикӣ қодир аст, ки маъмурияти кунунӣ ва ояндаи Кохи Сафедро ба зарурати бознигарии сиёсатҳои феълӣ мутақоъид кунад.н сафари Петреусро Вошингтон вокуниш ба нигониҳои бурузкарда перомуни вазъи амниятии Покистон намеҳисобад, ки ахиран ба мавҷи нави ҳамалоти пурқурбонии интиҳорӣ аз сӯи ҷангиёни «Толибон» ва «ал-Қоъида» ва ҳам ба мушкилоти сахти иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG