Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди гаравгонгирии сафорати Амрико


Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, имрӯз ҳазорон нафар дар саросари ин кишвар ба хотири таҷлил аз солгарди 29-уми гаравгонгирии сафорати Амрико ташкили намоиш карданд. Дар Теҳрон, издиҳоми тазоҳургарон дар ҳошияи сохтмони сафорати собиқи Амрико гирди ҳам омада, шиъорҳои зиддиамрикоӣ ва зиддиисроилӣ сар медоданд ва парчамҳои Амрикову Исроилро оташ мезаданд. Соли 1979 як гурӯҳи донишҷӯёни ситезаҷӯ, ки сафорати Амрикоро маркази тавтиъаҳо алайҳи инқилоби исломии Эрон мехонданд, 52 амрикоиро дар ҳудуди сафоратхона барои 444 рӯз гаравгон гирифтанд. Ин гаравгонгирӣ дар ниҳоят мунҷар ба қатъ шудани равобити дипломатӣ миёни Амрикову Эрон шуд.
XS
SM
MD
LG