Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То интихоботи Амрико як рӯзи дигар боқӣ мемонад


Барак Обама ва Ҷон МакКейн, номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико, дар танҳо як рӯзи боқимонда то интихоботи 4 ноябр барои касби орои ҳарчӣ бештари интихобкунандагон талош меварзанд. МакКейн рӯзи душанбе аз 7 аёлат – сар карда аз аёлати Флорида дар шарқ ва рафта то зодгоҳаш - аёлати Аризона дар ғарби Амрико – суханронӣ мекунад. Обама имрӯз аз 3 аёлати Флорида, Каролинаи шимолӣ ва Вирҷиния, ки дар интихоботи соли 2004 аз номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ пуштибонӣ карда буданд, дидан мекунад. Бар асоси аксари назарсанҷиҳо, Обама дар ҳоли ҳозир бар МакКейн бартарӣ дорад. То кунун миллионҳо нафар дар 31 аёлат аз ҳаққи раъйдиҳии пешакӣ истифода бурда, интизор меравад, ки мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 4 ноябр низ хеле баланд шавад. Аммо сарнавишти номзадҳо на дар ин раъйдиҳӣ ҳалл хоҳад шуд. Барои касби пирӯзӣ ба довталабон лозим аст, пуштибонии дасти кам 270 вакил аз 538 вакили интихоботиро ба даст биоранд.
XS
SM
MD
LG