Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо ба интихоботи ИМА аз Тоҷикистон


Дар ҳоле ки то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ду рӯзи дигар мемонад, таваҷҷӯҳи сокинони Тоҷикистон низ ба ин интихобот ва ширкаткунандагони он меафзояд.

Пеш аз ҳама довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ шудани як номзади сиёҳпӯст мояи таваҷҷӯҳи бархе мардуми Тоҷикистон ба ин рақобатҳо шудааст. Аммо бархе бо вуҷуди маҳбубияти зиёди Барак Обама дар миёни мардуми Амрико мутмаинанд, ки Ҷон Маккейн намоянда аз ҳизби ҷумҳурихоҳон баранда хоҳад шуд.

Барои мисол Зоҳири Саъдуло, ки тоҷири бозор аст, дар як пурсиши телефонии мо дар ин бора чунин гуфт: «Ман фикр намекунам, ки Барак Обама пирӯз шавад. Ба фикри ман, Ҷон Маккейн ғалаба хоҳад кард. Чизе, ки дар телевизоин намоиш медиҳанд, ки Обама пирӯз мешавад, ман бовар надорам, чун сиёсат ҳамааш дуруғ аст. Дар интихобот Обама на, балки Маккейн пирӯз хоҳад шуд».

Ин дар ҳолест, ки аксарияти ҷавонони Тоҷикистон ба пирӯзии Барак Обама шак надоранд. Манучеҳр Исматов, ки мудири яке аз корхонаҳои маҳаллии Тоҷикистон аст, мавқеъи худро чунин шарҳ дод: «Ба назари ман, Барак Обама пирӯз мешавад, чун сиёсати ҳизби ҷумҳурихоҳон дар бади халқ задааст. Ҳизби ҷумҳурихоҳон фақат ҷангу пастравии иқтисод пеш овард. Норозигии халқ дар Амрико зиёд аст. Аз рӯи пурсишҳои Амрико низ Барак Обама дар интихобод бояд пирӯз гардад».

Бо наздик шудани мӯҳлати интихоботи дар Амрико нашрияҳои Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетии пурхонандаи маҳаллӣ низ ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кардаанд. "Авасто" дар таҳлиле навиштааст, ки ба эҳтимоли ғолиб пирӯзӣ насиби Барак Обама хоҳад шуд, ба ин далел, ки ҳоло навбати сари қудрат омадани демократҳо дар Амрико шудаасту дар пайи ҷангҳои серхарҷи Афғонистону Ироқ, бесомониҳои саҳнаҳои сиёсии Гурҷистону Украина ва поинрафти башиддати нишондодҳои бозори саҳҳом ва амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ навбати демократҳо омадааст, ки вазъро ислоҳ кунанд. Сомона меафзояд, ки демократҳо маъмулан барои боло бурдани обрӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талоши бештар ба харҷ медиҳанд ва баъди, ба истилоҳ, харобкориҳои ҷумҳурихоҳҳо муносибати ҷомеъаи байнулмилалиро нисбати сиёсати шадидлаҳну гоҳо ҷангҷӯёнаи Кохи Сафед дубора ба эътидол меоранд.

Дар идомаи пурсиши телефонии мо як марди тоҷик Беҳрӯзи Қурбоналӣ, ки тоза аз муҳоҷирати меҳнатиии Русия баргаштааст, гуфт, аз он сару садоҳое, ки дар Маскав шунидаасту таҳлилгарони он ҷо ҳадс мезананд, ба назари вай шонси Обама барои пирӯзӣ дар интихобот бештар аст:

«Ба назари ман, ҳамон Барак Обамаи ҷавон пирӯз мегардад. Вақте, ки ман дар Русия будам, Обама нисбат ба Маккейн пештар буд. Ба назари ман, тамоми сиёҳпустон дар Амрико ба Обама раъй хоҳанд дод».

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон нафароне низ кам нестанд, ки нисбати натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бетафовутанд, онҳо ин мавқеъи худро бо дур будани ин кишвар ва адами таъсири мустақими таҳаввулоти он ба ҳаёти кишварҳои хурди мисли Тоҷикистон ва ҳаёти маишии худи онҳо шарҳ медиҳанд.

Бону Зулфия, як соҳибхоназан аз Душанбе, дар ин замина гуфт: «Росташро гуям, ман ҳатто дар фикри ин мавзӯъ нестам. Ин тавр аст ки барои ман ҳеҷ фарқе надорад, ки пирӯз ва ки раисиҷумҳури Амрико мешавад».

Аксар таҳлилгарон дар Тоҷикистон, ки дар робита бо сарнавишти ояндаи Амрико изҳори назар мекунанд, мегӯянд, ки бо сари қудрат омадани Обамаи демократ ба эҳтимоли ғолиб фаъолияти барномаҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ дар кишварҳои мисли Тоҷикистон афзоиш пайдо карда, эҳтимолан кӯмак ва пуштибонии расонаҳои мустақили хабарӣ, нашри рӯзномаҳои озод бештар хоҳад шуд. Дар баробари ин сомонаи интернетии "Авасто" тахмин мезанад, ки ҳамкориву пуштибонии Амрико аз барномаҳои амниятӣ дар Тоҷикистон, мисли ироаи бештари кӯмакҳо ба сохторҳои интизомӣ ва сарҳадбонон, афзоиш пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG