Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар муқобили сафорати Амрико дар Маскав


Бахши русии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки шоми имрӯз дар Маскав, дар муқобили сафорати ИМА қарор аст тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи сиёсати хориҷии Амрико доир шавад. Ташаббускорони ин гирдиҳамоӣ, ки бо иҷозаи мақомоти шаҳр баргузор мешавад, созмони рӯ ба Кремлини "Наши" мебошад. Онҳо гуфтаанд, ки дар намоиши онҳо ҳудудан 15 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард. Соатҳо пеш аз шурӯи ин раҳпаймоӣ ҳаракати нақлиёт дар атрофи сафорати Амрико дар Маскав маҳдуд шуда, қарор аст то соати чори субҳ идома кунад.
XS
SM
MD
LG