Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сегонаи Қаробоғи Кӯҳӣ дар канори Маскав


Имрӯз раиси ҷумҳуриҳои Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар вилояти Маскав бӯҳрони атрофи ҷумҳурии ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ мекунанд. Дмитрий Медведев ва ҳамтоёни озариву армании ӯ - Илҳом Алиев ва Серж Сарксян дар қароргоҳи берунишаҳрии раиси ҷумҳурии Русия мулоқот мекунанд. Қаробоғи Кӯҳӣ минтақаи арманитаборест дар ҳайати ҷумҳурии Озарбойҷон. Дар оғози солҳои 1990 ин минтақа худро аз тобеияти Боку ҷудо эълон кард ва дар натиҷаи хушунатҳои дар пай баамаломада беш аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ва ё тарки маҳалли зист карданд. Дар робита ба шурӯи музокираҳои имрӯза дар Русия вазири хориҷаи Арманистон Эдуард Налбандян гуфт, ки гуфтугӯҳо вориди марҳилаи хеле муҳим мешавад.

XS
SM
MD
LG