Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведеву Қаззофӣ


Имрӯз дар Маскав мулоқоти раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев баргузор шуд. Ин нишаст бештар болои масоили энержӣ тамаркуз кардааст. Қаззофӣ гуфт, ки сиёсати Русия ва Либия дар масоили газ ва нафт ҳамсон аст ва ба ҳамкории бештари ду кишвар даъват намуд. Медведев гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар ду раҳбар инчунин масоили иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии дидгоҳҳоро нисбати мушкилоти байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард. Имрӯз инчунин мулоқоти Қаззофӣ ва нахуствазири Русия Владимир Путин дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG