Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Интиқоли барқ ба Тоҷикистон шурӯъ шуд


Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ки аз имрӯз, 1 ноябр Тоҷикистон қабули нирӯи барқи Туркманистонро, ки аз хоки Ӯзбакистон мегузарад, шурӯъ кардааст. Барқи туркманӣ аз соати яки имшаб вориди Тоҷикистон шудааст. Мутобиқи созишномаи миёни ду кишвар аз соли гузашта, Туркманистон ӯҳдадор шудааст, ки ба Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 миллиард киловатт-соат барқ содир кунад. Аммо қарори транзити он аз хоки Ӯзбакистон моҳи гузашта дар нишасти сарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва созмони Евразэс дар Бишкек ҳосил шуд. Қарор аст то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 400 миллион киловатт-соат барқи туркманӣ ворид шавад. Аммо бо ин вуҷуд, миқдори мазкур наметавонад ниёзмандиҳои пурраи сокинони Тоҷикистонро ба нирӯи барқ бароварда созад ва маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон коҳиш ёфта, вале пурра аз байн бурда нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG