Ин боздид шаш рӯз давом мекунад ва дар ин муддат Карим Оғохон бо раиси ҷумҳур, вазири хориҷа ва ҷамъияти исмоилиҳои Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.
Боздиди Карим Оғохон, имоми исмоилиҳои ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи барномаҳои 50-умин солгарди имомати вай анҷом мегирад.
Вай бо ҷараёни сохтмони меҳмонсарои Серена ва Маркази Ҷамъияти Исмоилиҳо дар Душанбе, ки аз сӯи Бунёди Оғохон сармоягузорӣ мешавад, ошно мешавад ва ба Бадахшони Тоҷикистон меравад.
Карим Оғохон дар чаҳорчубаи боздиди 10-рӯзааш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ қаблан аз Қазоқистон боздид ва бо Нурсултон Назарбоев - раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.
Боздиди вай баъд аз Тоҷикистон аз Қирғизистон идома меёбад.