Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сахтиҳои пахтачинии донишҷӯён


Донишҷӯёни пахтачин дар ноҳияи Зафаробод аз он афсӯс мехӯранд, ки роҳбарияти донишгоҳ сар аз моҳи октябр онҳоро бо ваъдаи он ки ду ҳафта дар пахтазор нигоҳ медоранд, барои навиштани забонхат водор карда буданд, аммо ду ҳафтаи ваъдагӣ ба охир расиду, устодон онҳоро иҷозаи аз майдони пахтазор берун шуданро то ҳол надодаанд.

«Ба мо ваъда дода буданд, ки моро тӯли чордаҳ рӯз дар майдони пахтазор нигоҳ медоранду бас. Аммо имрӯз қариб бист рӯз аст, ки мо пахта мечинем, кай аз ин ҷо рафтани мо маълум нест. Мо донишҷӯён ду ҳафтаро ба назар гирифта, либосҳои гарм ҳамроҳамон наовардаем, дар вақти омадани мо ҳаво бениҳоят гарм буд, айни замон ҳаво хунук мо азоб кашида истодаем. Муаллимон дар мавзӯи пахтачинӣ кай ба охир мерасад, ягон гапи аникро намегӯянд. Баъзе устодон мегӯянд, ки якуми ноябр пахтачинӣ тамом, баъзеи дигарашон мегӯянд, ки бистуми ноябр тамом мешавад. То ба имрӯз ба мо маълум нест, ки кай моро аз майдони пахтазор берун мекунаду мо боз паси курсиҳои донишӯҷи нишаста ба илмомӯзӣ машғул мешавем.»

Ин суханони донишҷӯёни ба роҳбарияти донишгоҳ забонхат пешниҳод аст, ки имрӯз дар майдонҳои пахтазор ба сар мебаранд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон иштироки донишҷӯёнро барои як моҳ дар маъракаи пахтачинӣ иҷозат дода буд. Аммо донишҷӯёни курсҳои поёнии мактабҳои олии Суғд беш аз як моҳ аст, ки дар майдонҳои пахтазор бо ғундоштани пахта машғуланд. Бар илова, роҳбарияти мактабҳои олии Суғд донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷумро водор кардаанд, ки ба унвони роҳбарияти донишгоҳ дар мӯҳлати ду ҳафта бо хоҳиши худ дар маъракаи пахтачинӣ иштирок мекунад гуфта, забонхат пешниҳод намоянд. Донишҷӯён дар охири забонхат дар ҳолати иштирок накардан аз донишгоҳ хориҷ шуданашонро низ ёдовар шуда буданд.

Аббос Мингбоев, мудири бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, маълум нест, ки донишҷӯён аз майдони пахтазор кай бармегарданд. Вай меафзояд, ин масъаларо ҳукумат ҳал мекунад.

Вақте ки ман дар ноҳияи Зафаробод будам, ҳаво сард буд ва беист борон меборид. Ва донишҷӯёни пахтачин хурсанд аз он буданд, ки имрӯз онҳо аз пахтачинӣ озоданд. Донишҷӯён мегӯянд, ҳарчанд, ҳамарӯза аз субҳ то шом бо меҳнати вазнини ҷамъоварии пахта машғуланд, аммо бо қадри кофӣ бо ғизо таъмин намешаванд. Таъмини хӯроквории донишҷӯёнро хоҷагиҳои кишоварзӣ бар дӯш доранд, аммо хоҷагиҳо, ки ба нодориву қашшоқӣ мувоҷеҳанд, аз ӯҳдаи таъмини хӯроки донишҷӯён намебароянд.

XS
SM
MD
LG