Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус ба курсии фармондеҳи ситод менишинад


Генерал Дейвид Петреус имрӯз расман ба курсии фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико хоҳад нишаст. Ин ситод масъулияти ҳифзи манофеъи низомии Амрико дар Ховари Миёна ва бахшҳое аз Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, аз ҷумла масъулияти фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистонро ба ӯҳда дорад. Дейвид Петреус то 2 моҳи пеш фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ буд.
XS
SM
MD
LG