Иззатуло Сатторов,иҷрокунандаи вазифаи сардори оҷонси мазкур дар Суғд, бо ёдоварӣ аз як мавриди аъмоли ғайриқонунии Абдуҷалил Абдуҷабборов, масъули пешини корхонаи «Тоҷикгаз» дар Суғд, гуфт, ки беш аз 1 миллион доллар маблағи аз фурӯши гази табиӣ ҷамъомада аз ҷониби вай ба хазинаи давлат пардохт нашудааст.
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд тақозо кардааст маблағи ҷамъомада аз фурӯши газро, ки аз ҷониби Абдуҷалил Абдуҷаборов – сардори пешини корхонаи «Шоҳқубурҳои гази Суғд», як ниҳоди зертобеъи корхонаи «Тоҷикгаз» дар ин минтақа дар моҳҳои апрел-майи соли 2006 ба хазинаи давлат пардохт нашудааст, ба маблағи беш аз чаҳор миллион сомонӣ аз ӯ рӯёнида шавад.
Иззатулло Сатторов, иҷрокунандаи вазифаи сардори оҷонси мазкур дар вилояти Суғд, ин ниҳод бо аризаи даъвоӣ алайҳи Абдуҷабборов ба додгоҳи Хуҷанд муроҷиат карда ва он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи И. Сатторов, оҷонси мазкур бар пояи санҷиши худ ошкор сохтааст, ки масъули собиқи як ниҳоди «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд ин зарари моли ҳангуфтро бо муносибати саҳлангорона ба иҷрои вазифааш, тақсим ва фурӯши ғайриқонунии газ ба корхонаи худ ворид кардааст.
Ва ин дар ҳолест, ки масъулини корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ҳар навбат иллати қатъи нобаҳангоми интиқоли газ аз ҷониби Узбакистонро ба пурра ҷамъоварӣ нашудани маблағи гази истифодаи сокинон, аз ин рӯ саривақт пардохт нашудани ҳаққи газ ба ҷониби содиркунанда бастагӣ медиҳад .
Вале коршинос Алии Муҳаммадӣ сабаби аслии сари вақт ҷамъ наомадани маблағи газро ба вуҷуди ришваю фасод дар миёни масъулини «Тоҷикгаз» ва аз худ шудани қисме аз маблағи ҷамъовардаи газ аз сӯи онҳо бастагӣ медиҳад. Вай афзуд, ин гиреҳи аъмоли ғайриқонунии сардори собиқи корхонаи «Шаҳқубурҳои гази Суғд» дар миёни мақомоти болоии ин ниҳод , яъне корхонаи давлатии «Тоҷикгаз» кушода гардад, зеро ба гумони ғолиб, як худи А. Абдуҷабборов ба танҳоӣ ба чунин амал даст назадааст: «Аммо муҳим ин аст: кӣ маблағи зарарро ҷуброн хоҳад кард ?»
Ин барои маротибаи аввал аст, ки як масъули баландпояи идораи «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд дар пайи муомилоти берун аз доираи қонун дар тақсим ва фурӯши газ ба додгоҳ кашида шудааст ва аз вай талаб мешавад маблағҳои ҳангуфтеро, ки аз фурӯши газ ҷамъ овардааст, ба хазинаи давлат баргардонад.
Ё қаноат пур накард,пас хоки гӯр!!!
Албата Нур Сафаров рост гуфтааст, сад фоиз ба манфиятхои худ истифода мешавад. Дар точикистон ягон вакил ё хизб нест ки инхел конунро тафтиш кунанд ва фоида зарарша ба мардум расонанд ки инхел мешавад ба конун имзо монанд. Касе ки чикоре хохад аз пеши худ кардан мегирад. Агар онкадар мухочир аз хорич ба кишвар биёянд бонки мили як фоизша ба чои кор таьмин карда наметонад барои чи танхо ба юнистрим пул равон карда мешавад. Мо давлати соибихтиёру демократием!!! Радиои Озоди рахмат ки чунин гамгори халк хастет. Ин коро аз вакилон ва хизбон пурсед ваё бояд аз ухдаи ягон броянд
Аз кадом вакт шумо боз гамхори мардум гаштаед? Хама доди Ватанхохи зананд, аммо намедонам, Мусибат аз мусалмонхост ё куффор ё харду.
дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии пойтахт низ маоши ночизиро 30фоиз кам доданд. Ин ҳамаш барои насби арчаи солинавӣ будааст да а, мо бехабар.
Нафси бад, балои чон! Ин кори инхо ба ягон,нохуши мерасонад! Мардум бе сабр шудаистодааст!!!