Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониҳои зилзила аз 100 кас зиёд шуд


Бар асари заминларзаи баробар бо 6,4 дараҷаи ченаки Рихтер дар ҷанубу ғарби Покистон дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи гузоришҳо аксари қурбониҳо сокинони ноҳияи Зиёрати вилояти Балуҷистон мебошанд. Талафот ҳамчунин дар ноҳияи Пишин низ ба қайд гирифта шудааст.

Вазири даромад ва навсозии Покистон Замаруқ Хон ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфт, ки то кунун марги беш аз 100 нафар собит шудааст, вале шумораи қурбониҳо эҳтимол бештар бошад.
XS
SM
MD
LG