Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиргаи хурд ба музокира бо Толибон даъват кард


Ҷиргаи хурди раҳбарони қавми пашту дар Исломобод хостори музокира бо ҷангиёни толиб шуд ва гуфт, “феълан дар барои мусолиҳа боз аст.” Раҳбарони қабоил ва шахсиятҳои сиёсиву мазҳабии паштуҳои Афғонистону Покистон тайи 2 рӯз дар Исломобод роҳҳои хатми хунрезиҳо дар ҳарду ҷониби марзи миёни ин ду кишварро баҳс карданд. Дар ин нишаст гурӯҳҳои вижае таъсис ёфт, ки роҳҳои тамос бо ҳама ҷонибҳои зидахли низоъ дар ҳарду ҷониби марзи Афғонистон бо Покистонро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ин гурӯҳҳо ҳар сари ду моҳ ба Ҷирга дар бораи натоиҷи бадастовардаи худ гузориш хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG