Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Менделсон мегӯяд, истеъфо доданӣ нест


Вазири тиҷорати Бритониё Питер Менделсон гуфт, ки ӯ ба далели мулоқотҳояш бо миллиардери рус Олег Дерипаска аз кобинаи вазирон истеъфо нахоҳад дод. Иртибототи миёни Менделсон ва Дерипаска сарусадоҳоро дар мавриди даст доштани ӯ дар эҷоди шароити пуримтиёзтар барои ширкатҳои марбут ба ин миллиардери рус баланд кард.
Кумиссиюни Аврупо аммо гуфт, тамосҳои Питер Менделсон бо молики ширкати “РусАл” муноқизи кадом муқаррароте нест. Ҳафтае пеш, ҳизби мухолифи муҳофизакор дар Бритониё ба он айбдор шуд, ки талош доштааст аз Олег Дерипаска барои сандуқи ин ҳизб маболиғе дарёфт кунад. Аммо мақомоти ҳизби муҳофизакор ин сарусадоҳоро радд карданд.
XS
SM
MD
LG