Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия амалиёти нирӯҳои Амрикоро "таҷовуз" номид


Вазири хориҷаи Сурия Валид Муаллим дар ҷараёни сафараш ба Лондон дар як паёми телевизионӣ амалиёти нирӯҳои Амрико алайҳи як рустои Сурия дар наздикии марз бо Ироқро “ таҷовузи ҷиноӣ ва террористӣ” унвон кард. Валид Муаллим гуфт, Димишқ аз Бағдод низ хостааст, истифодаи қаламрави Ироқ барои анҷоми амалиёт алайҳи Сурияро иҷозат надиҳад.

Низомиёни Амрико аммо иддао мекунанд, ки ҷангиёни хориҷӣ тавассути хоки Сурия вориди Ироқ мешаванд. Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани ном ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳадафи амалиёти шоми якшанбе Абу Ғадия, раҳбари як шабакаи қочоқбаре буд, ки ба ҳамлу нақли ҷангиён ба Ироқ машғул буд.


XS
SM
MD
LG