Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мехоҳад ба нерӯҳои афғон кӯмаки бештар кунад


Вазири умури хориҷии Туркия, Алӣ Бобоҷон мегӯяд, кишвараш мехоҳад, дар омӯзониши нерӯҳои амниятии Афғонистон саҳми бештар бигирад. Вай афзуд, дар ин бора Туркия аз президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай ва дигар мақомоти аршади Афғонистон чандин дархостнома гирифтааст. Бобоҷон гуфт, Туркия ҳозир аст, омодагии артиши миллӣ ва полиси Афғонистонро ба сатҳи зарурӣ барорад. Туркия дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон 800 сарбоз дорад, ки дар ҳайати нерӯҳои НАТО хидмат мекунанд ва асосан дар Кобул ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG