Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзода Эндрю дар Тоҷикистон


Бритониёи Кабир бар густариши равобити иқтисодӣ бо Тоҷикистон аҳамияти вижа қоил аст.

Ин матлабро шоҳзода Эндрю баъди дидор ва мулоқоти беш аз як соатиаш бо президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон изҳор дошт. Шоҳзода Эндрю, ки бо хабарнигорон сӯҳбати хеле кӯтоҳе анҷом дод, гуфт, дар ҷараёни мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон масоили сиёсиву амниятӣ дар минтақа ва низ ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Бритониё ва Тоҷикистон ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Шоҳзода Эндрю гуфт, Бритониё дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо омодааст, минбаъд низ дар тақвият в таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кӯмак кунад.

Герсог гуфт, президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар ин мулоқот бархе аз соҳот ва барномаҳои давлати Тоҷикистонро барояш пешниҳод кардааст, ки ба пуштибонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ зарурат доштаанд. Ба гуфтаи герсоги бритониёӣ, мурод аз пешниҳодоти президентро ба хубӣ фаҳмидааст ва ӯ ба унвони намояндаи ҳукумати Бритониё дар умури сармоягузорӣ ва тиҷорат ваъда додааст, ки баъди бозгашт ба вазорат ва сохторҳои тиҷории кишвараш ин пешниҳодот ироа хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон бо арзи сипос аз кӯмак ва пуштибонии Бритониёи Кабир дар душвориҳои зимистони соли гузашта таҳкими ҳамкорӣ ва равобити бештар бо кишварҳои аврупоиро аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш унвон кардааст. Дар зимистони соли гузашта, ки вазъ дар Тоҷикистон бар асари сардии бесобиқа ва адами неруи барқ ниҳоят мураккаб гардид, кишвари Бритониё ба маблағи се миллион доллар маводи ғизоӣ, либос ва маводи сӯхт кӯмак кард.

Равобити дипломатӣ ва тиҷоратӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 1992 роҳандозӣ шуда ва дар ҳоли ҳозир ширкатҳои Бритониё ба корҳои иктишофи маъодини табиии Тоҷикистон, аз ҷумла кашф ва истихроҷи гоз дар ҷануби кишвар машғул ҳастанд. Тибқи манобеъи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, бо сармояи ин кишвар бархе аз корхонаҳои муштарак аз қабили «Оби Зулол» корхонаи тавлиди тиллои «Дарвоз» дар Тоҷикистон ва фаъолият мекунанд. Ҳаҷми табодули мол миёни ин ду кишвар дар соли гузашта бештар аз се миллион долларро ташкил додааст.

Ин сафари дуввуми шоҳзода Эндрю ба Тоҷикистон аст. Дар сафари қаблӣ ӯ дар моҳи июли соли 2006 дар расми ифтитоҳи бинои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ширкат карда буд.

XS
SM
MD
LG