Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия аз ҳамлаи чархболҳои Амрико хабар дод


Мақомоти Сурия мегӯянд, ҳамлаи чархболҳои амрикоӣ ба як фермаи кишоварзӣ дар наздикии марзҳои Сурия бо Ироқ мунҷар ба ҳалокати 8 ғайринизомӣ шуд. Вазорати хориҷаи Сурия ба кордори дипломатии Амрико дар Димишқ дар робита ба ин амалиёт изҳори эътироз кардааст.

Бино бар баёнияи расмӣ, ин ҳамла болои фермаи Сукария, дар ҳошияи шаҳри Абӯкамол, 8-километрии марзи Ироқ, сурат гирифта, 4 чархболи амрикоӣ як сохтмони нотамоми ғайринизомиро пеш аз ғуруби офтоб ҳамла кардаанд.

Телевизиони давлатии Сурия дар бораи ширкати сарбозони амрикоӣ дар ин ҳамла низ гузориш медиҳад. Хабаргузории Ройтерс аз қавли Фарҳон Маҳаллавӣ, шаҳрдори Қоим, шаҳре дар Ироқ, ки дар наздикии марз бо Сурия воқеъ аст, навишт, ки чархболҳои Амрико ба як русто дар он сӯи марз ҳамла кардаанд. Ҷониби Амрико то ҳол ин иддаои Сурияро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG