Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониёни обхезӣ дар Яман


Шумори қурбониёни обхезии шадид, ки шоми гузашта дар Яман рух дод, то 58 нафар расидааст.

Тибқи иттилоъи расонаҳои хабарии ин кишвар, ҳамзамон даҳҳо нафари дигар беному нишон мондаанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониёни офати табиӣ шояд афзоиш ёбад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи обхезӣ, ки сабаби он тӯфони тропикӣ дар манотиқи дурдасти ҷанубу шарқи Яман будааст, садҳо хонаву манзил хароб гашта, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар бехонумон мондаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар манотиқи зарардида корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG