Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 15 миллион$ қарзи IMF-ро баргардондааст


Normal 0

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода гуфт, Душанбе 15 миллион доллар аз 47 миллион доллар қарзи моҷароияшро ба Сандуқи байналмилалии пул алакай пардохт кардааст.

Сандуқи байналмилалии пул дар моҳи март давлати Тоҷикистонро дар ироаи маълумоти ғайривоқеъӣ ба хотири дарёфти вомҳои ин ниҳоди молӣ айбдор ва аз Душанбе тақозо кард, 47 миллион доллар қарзи бар пояи чунин маълумот дарёфткардаашро пеш аз мӯҳлат баргардонад. Душанбе бояд ин пулро то моҳи феврали соли 2009 пурра пардохт кунад.


XS
SM
MD
LG