Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Геттои Минск


Як сол пеш президенти Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки замоне шаҳри Бобруйски ин кишвар ба "хукхона" монанд буд, зеро дар он "асосан яҳудиён" иқомат доштанд. Ин изҳорот мавриди интиқодҳои шадиди ҷомеаи байнулмилалӣ қарор гирифт.

Имсол вазъ комилан дигар аст. Баъди солҳои тӯлонии инзивоъ Лукашенко лаҳну рафтори дигар ихтиёр намудааст.

Ҳафтаи равон дар Беларус маросими ёдбуди маҳви маҳаллаи иқомати яҳудиён ё худ геттои Минск барпо шуд. Ҳамчунон дар Беларус намоишгоҳҳои фарҳангӣ бахшида ба ториктарин саҳифаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва аз ҷумла маҳви геттои Минск баргузор гашт. Дар ин маросим ҳамроҳ бо ҳазорҳо сокини Беларус яҳудиёне, ки аз амалиёти маҳви геттои Минск ҷон ба саломат бурдаанду ҳозир дар мамолики дигар ба сар мебаранд, иштирок намуданд.

Президент Лукашенко дар як паёми телевизионӣ гуфт, Беларус дар назди ҳамаи онҳое, ки бар зидди натсизм ҷанг кардаанд, "қарзи бузург" дорад.

Маросим 21-уми октябр бо раҳпаймоӣ оғоз ёфт. Беш аз ҳазор нафар аз маркази Минск убур намуда, дар назди қабри дастаҷамъии 100000 қурбонии геттои Минск гулчанбар гузоштанд.

Владимир Трахтентерг ҳангоми куштори бошандагони геттои Минск кӯдак буд. Ӯ саҳнаҳои даҳшатноки он рӯзҳо ба хусус куштори духтари даҳсоларо тамоми умр фаромӯш накардааст:

"Ӯро ба зону афтонда, милтиқро ба паси сараш гузоштанд. Ин духтар ҳатто гиря намекард. Шояд аз он сабаб, ки дигар қудрати гиристан ҳам надошт. Модараш ҳам дар иҳотаи ду афсари полис қарор дошт. Ӯ ҳам моту мабҳут буд. Намедонам модарашро ҳам куштанд ё не. Вале худ фикр кунед, ки баъди кушторҳои дастаҷамъӣ бо чӣ эҳсосе кӯдакон рӯи замин афтида, нафас намекашиданд, то олмониҳо фикр кунанд, ки онҳо аллакай мурдаанд."

Қабл аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Беларус беш аз 800000 яҳудӣ ба сар мебурданд. Чеҳраҳои маъруфе ба монанди ҳунарманди яҳудитабор Марк Шагал ва собиқ сарвазири Исроил Шимон Перес дар Беларус ба дунё омадаанд. Дар солҳои ҷанг натсистон тақрибан 90% яҳудиёни Беларусро ба қатл расонданд.

Имрӯз дар ин кишвар наздик ба 50000 яҳудӣ иқомат доранд.

Дар рӯзҳои ёдбуди қурбониҳои геттои Минск меҳмонон аз мамолики Аврупо, ИМА ва Исроил ба Беларус даъват шуда буданд ва дар музеи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоишгоҳи хос барпо шуд.

Вале мухолифини Лукашенко далели аслии баргузории маросими ёдбудро зери шубҳа қарор медиҳанд. Ба қавли онҳо, мақомоти Беларус бо ақидаҳову амалкардҳои ҷумбишҳои зиддисомӣ воқеан ҳеҷ иқдоме пиёда накардаанд. Настя Палажанка аз гурӯҳи манъшудаи Ҷабҳаи Ҷавонон мегӯяд, табаҳкорон даҳҳо муҷассамаву санги сари қабри яҳудиёнро тахриб намудаанд, вале то ҳол касе ҷавоби онро надодааст. Ӯ меафзояд, ки мақомот ин гуна ҷиноятҳоро ҳатто таҳқиқ намекунанд.

Вале муаррих аз Канада Франклин Швартс, ки чандин сол инҷониб дар Беларус осори шифоҳии яҳудиёни ин кишварро ҷамъоварӣ менамояд, Лукашенкоро сиёсатмадори зиддисомӣ намешуморад. Швартс ёдовар мешавад, ки соли 2000-ум низ Лукашенко дар маросими ёдбуди қурбониҳои геттои Минск ширкат варзида буд. Ӯ мегӯяд, агар шумо дар ин ҷо бо аксари раҳбарони ҷамоаҳои яҳудӣ ҳамсӯҳбат шавед, онҳо хоҳанд гуфт, ки Лукашенкоро зиддисомӣ намешуморанд.

Швартс бар пояи садҳо қиссаи шифоие, ки дар Беларус ҷамъ кардааст, мегӯяд, ба фарқ аз кишварҳои дигари Аврупои шарқӣ ҳамзистии яҳудиён бо мардуми бумии Беларус ва қавмҳои дигари муқими ин кишвар дар давраи пешазҷангӣ хеле ҳам дӯстона будааст.

XS
SM
MD
LG