Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоруним миллиард кӯмаки Ғарб ба Гурҷистон


Нахуствазири Гурҷистон Владимир Гургенидзе ва комиссари Комиссиюни Аврупо Хосе Мануэл Бароссо дар Бруксел
Нахуствазири Гурҷистон Владимир Гургенидзе ва комиссари Комиссиюни Аврупо Хосе Мануэл Бароссо дар Бруксел

Чору ним миллиард доллар ваъдаи кӯмак ба эъмори баъдиҷангии Гурҷистон дар нишасти Брукселро кам касе интизор дошт.

Ҳадафи анҷуман 3 миллиарду 250 миллион доллар буд, ки бино бар ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ ва СММ, тайи се соли оянда барои эҳёи иқтисоди аз ҷанги Русия осебдидаи Гурҷистон лозим аст. Ин аст, ки вақте дар поёни кори конфронс ҷамъи кӯмакҳои ваъдашуда 4,5 миллиард доллар, яъне тақрибан якуним баробари интизори баргузоркунандагонаш, баровард шуд, хурсандии нахуствазири Гурҷистон Ладо Гургенидзе ҳадду канор надошт:

“Намоиши ҳамбастагӣ ва пуштибоние, ки мо шоҳиди он гаштем моро сахт такон дод ва ба ваҷд овард. Чоруним миллиард доллар хеле бештар аз интизори ҳамаи мост, ба вижа дар айни ҳамлаи бӯҳрони молӣ ва дигар мушкилоти саросарӣ”.

Ҳудуди 2 миллиард доллар аз ин ваъдаҳо ба Тифлис ба ҳайси кӯмаки бебозгашт дода шуда, боқии ин пулро Гурҷистон дар шакли қарзҳои боимтиёз ва бо фоизи хеле паст дарёфт хоҳад кард. Аз ҳама бештар дар ин кӯмак Амрико саҳм хоҳад гирифт. Вошингтон аллакай тасмим гирифтааст ба Тифлис 1 миллиард ва Иттиҳодияи Аврупо 650 миллион доллар ҷудо кунанд.

Қабл аз ин комиссари равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Бенито Ферреро Валднер аз 27 кишвари аъзои ин иттиҳодия даъват карда буд, ки маблағи баробар ба кӯмаки Амрикоро ба тасвиб расонанд. Дар ҳоле, ки на ҳамаи кишварҳо ҳаҷми кӯмакҳои худ ба Гурҷистонро маълум кардаанд, баёнияи ниҳоии хонум Ферреро Валднер хеле пурҳаяҷон ба гӯш мерасид:

"Ман бояд ба шумо бигӯям, ки ин миқдор маблағ нисбат ба маблағе, ки мо дар назар доштем, хеле зиёд аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки имрӯз рӯзи қаноъатбахш буд".

Кӯмакҳои ваъдашуда сарфи барномаҳои бозсозии зербинои давлатӣ ва иқтисодии Гурҷистон, ки дар асари ҳамлаҳои ҳавои ва мушакии Русия тахриб шудаанд ва ҳамчунин барои даҳҳо ҳазор беҷошудагон дар дохили қаламрави Гурҷистон равона мешаванд.

Аммо мояи нигаронии кишварҳо ва созмонҳои кӯмакрасон ҳамоно ин аст, ки то чӣ андоза Тифлис ба истифодаи шаффофи ин кӯмакҳо қодир мебошад? Тарсе вуҷуд дорад, ки вуруди якбораи чунин маблағи бузург метавонад ришвахорӣ ва фасодро дар Гурҷистон ангезиш диҳад. Комиссиюни Аврупо ҳамчунин нигарон аст, ки мабодо Гурҷистон кӯмакҳои аз Иттиҳодияи Аврупо дарёфкардаашро барои харидории силоҳ истифода барад, ки мухолифи муқаррароти ин созмон аст.

Аммо ИА аз дигар ҷониб хуб мефаҳмад, ки субот ва шукуфоии Гурҷистон дар гарав гузошта шудааст. Комиссари Комиссиюни Аврупо Хосе Мануэл Бароссо дар анҷумани Бруксел гуфт, ки низоъи Гурҷистону Русия ба амнияти Аврупо таъсир дошт, ба вижа дар бахши таъминот бо энержӣ:

“Ҳар низоъе, ки дар наздикии марзҳои Аврупо ба амал меояд, ба суботу амнияти Аврупо таъсир мерасонад. Ин низоъ барои Аврупо, ба вижа аз нигоҳи амнияти энержии мо ва стротежии ҷустуӯи манобеъи мухталифи энержӣ, таъсир мегузорад. Ин ҳарфҳои ман ба дигар низоъҳои ҳалношуда дар Қафқоз низ дахл доранд. Кашидани лӯлаҳои нав аз минтақаҳои аз лиҳози сиёсӣ хеле ҳассос хатарҳоеро дар пай дорад, ки бояд ба онҳо расидагӣ кард”.

Бароссо афзуд, ки тасмими кӯмак дар бозсозии сохтори иқтисодӣ, молӣ ва амниятии Гурҷистон на танҳо аломати ҳамбастагӣ бо Тифлис аст, балки бо дарназардошти мавқеъи стротежии ин ҷумҳурӣ дар амри ҳамлу нақли нафту газ ба манфиати кишварҳои Аврупо низ мебошад.

Дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи август дар миёни Русияву Гурҷистон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Осетияи Ҷануби, артиши Русия бахше аз қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла бандарҳо ва пойгоҳҳои мӯҳими низомии Гурҷистонро забт кард. Дертар Маскав ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва ин ҳама мояи интиқоди шадиди ҷомеъаи байнулмилалӣ шуд. Дар натиҷаи бӯҳрони Гурҷистон равобити Маскав ва Ғарб ба сардии бесобиқа гароид ва натоиҷи анҷумани Бруксел, ба эътиқоди коршиносони умур, ҳокист, ки Ғарб, аз ҷумла Аврупо, дар ин бӯҳрон бештар аз Гурҷистон ҳимоят мекунад, на аз Маскав.

XS
SM
MD
LG