Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои таҳдидомез ва хокадор бозрасӣ мешаванд


Мақомоти Амрико мегуянд, бештар аз 30 нома, ки дар онҳо хокаи шубҳаовар будааст, дар 9 шаҳри Амрико ба бонкҳои ширкати Чейс фиристода шудаанд. Эф Би Ай ё Дафтари Федеролии Бозрасӣ гуфтааст, ки хока ё пудраи номаълум мавриди озмоиш қарор гирифтааст ва дорои заҳр ё гози заҳрогин нест. Дар бораи расидани осеб ба касе аз кормандони бонкҳо ё почта гузориш дода намешавад. Мақомоти расмии Амрико мегуянд, ин номаҳо муттаъаллиқ ба манобеъест, ки ҳоло таҳти бозрасӣ қарор доранд ва имкон дорад он як навъ вокуниш ба буҳрони молии Амрикост. Кормандони Эф Би Ай мегуянд, дар бисёре аз номаҳо як ҷо бо хокаи шубҳаовар дастандаркорон ёддошти таҳдидомез низ гузоштаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, чунин кор дар Амрико ҷинояти ҷиддӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG