Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе


Normal 0

Дирӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Идораи марз ва муқобала бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ” оғоз ба кор кард. Ин анҷумани дурӯза бо ибтикори муштараки ИА, СММ ва САҲА мегузарад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистонро сангинтарин бахши кори марзбонони тоҷик номид ва гуфт, ҷомиаи ҷаҳонӣ то ҳол ҷиҳати хунсо кардани хатари маводи мухаддири тавлиди Афғонистон талоши кофӣ ба харҷ надодааст. Оқои Раҳмон хостори нақши фаъолтари нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон дар мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир шуд.


XS
SM
MD
LG