Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили сарҳадҳои ОМ дар Душанбе


Субҳи имрӯз, 21-уми октябр, дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Идораи сарҳадҳо ва мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ» ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин конфронс, ки бо ибтикори Оҷонси мубориза бо маводди мухаддир дар назди президенти Тоҷикистон, намояндагиҳои Иттиҳоди Арупо, САҲА ва СММ баргузор мешавад, намояндагони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Чин, Русия ва ИМА ширкат мекунад. Дар ин конфронс интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат варзад. Конфронс тайи ду рӯз идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG