Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати корманди як созмони хайрия дар Кобул


Normal 0

Дирӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон, як зан, ки шаҳрванди Африқои ҷанубӣ буда, барои як созмони хайрияи бритониё кор мекард, кушта шуд. Ба гуфтаи масъулин, Гейл Вилямс корманди муассисаи масеҳии “Серв Афганистан”( “Хидмат ба Афғонистон”) буд, ки дар ин кишвар ба мардуми маълул кӯмакҳои хайрия мерасонд.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта, гуфтаанд, Гейл Вилямс дини масеҳиро таблиғ мекард.

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун қатли корманди созмони хайрияро маҳкум карда, аз ҳадафи ҳамалот қарор гирифтани афроде, ки ба мардуми ниёзманд кӯмак мерасонанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG