Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бернанке тарафдори идеяи конгресс аст


Бен Бернанке - раиси Бонки Марказии Амрико мегӯяд, иҷрои барномаҳои нави молии ҳавасмандкунанда аз тарафи ҳукумат пешниҳоди хуб аст, зеро заъфи иқтисодии Иёлоти Муттаҳида то чанд вақти дигар идома мекунад. Бен Бернанке ҳангоми суханронӣ дар конгресси Иёлоти Муттаҳида бори аввал доир ба тарҳҳои нави кӯмакҳои молии ҳавасмандкунанда ҳарф зад, ки конгресс барои қабули он талош дошт. Аммо ҳукумати Ҷорҷ Буш нисбат ба ин барнома сардӣ нишон додааст. Конгресси Амрико моҳи феврали соли равон барои кӯмак ба мардум ва соҳибкорон 152 миллиард доллар ихтисос дод.
XS
SM
MD
LG