Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти махсуси ҳукумати Куриёи Шимолӣ


Ҳукумати Куриёи Шимолӣ имрӯз барои гуфтугӯ доир ба иқтисоди ин кишвар мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои бузургро дар як ҳамоиши махсус ҷамъ овардааст. Дар ин хабари расмӣ доир ба ширкати раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Йонг Ил, ки бовар меравад, дучори сактаи қалб шудааст, ишорае нашудааст. Расонаҳои Ҷопон ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки дипломатҳои Куриёи Шимолӣ мунтазири хабари муҳиме ва эҳтимолан доир ба вазъи сиҳатии Ким Йон Ил мебошанд. Аммо мақомоти вазорати Куриёи Ҷанубӣ, ки масъули равобит бо Куриёи Шимолӣ мебошанд, гуфтаанд, ки дар ин ҳамсоякишвари худ ҳеҷ фаъолиятҳои ғайримуқаррарӣ мушоҳида накардаанд.


XS
SM
MD
LG