Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар бозори "Корвон"


Шоми якшанбе дар бозори “Корвон”-и Душанбе оташсӯзӣ сар задааст. Бар асари ин оташсӯзӣ, ки ҳудуди яку ним соат идома кардааст, қисмати яклухтфурӯшии бозори мазкур хисороти зиёд дидаааст. Ҳодисаи оташсузӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Мизони хисороти молӣ таҳқиқ мешавад. Сабаби оташсӯзӣ то кунун маълум нест, вале бино ба бархе хабарҳо, расиши кӯтоҳи ноқилҳо ҳамчунон яке аз фарзияҳои эҳтимолии сар задани оташсӯзӣ унвон мешавад.

Ин оташсӯзӣ дар бозори Корвон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран оташсӯзии бузурге нисфе аз бозори дигари Душанбе –“Шоҳмансур”-ро ба коми худ фурӯ бурд ва оташсӯзӣ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон, ки ба сурати маъмулӣ даромадааст, аз мавзӯъҳои мавриди баҳси расонаҳо зарфи ду соли охир аст.


XS
SM
MD
LG