Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи кудатои Туркия имрӯз шурӯъ мешавад


Интизор меравад, имрӯз додгоҳи Туркия муҳокимаи парвандаи 86 нафареро, ки дар таҳияи қасди табаддулоти давлатӣ ба хотири сарнагун кардани давлати рӯ ба Исломи Туркия муттаҳам мешаванд, шурӯъ кунад.

Ин афрод ба ҷиноёте, чун таъсиси созмони террористӣ ва ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлат муттаҳам мешаванд.

Муфаттишон мегӯянд, муттаҳамин - афсарони бознишаста ва аъзои гурӯҳи қавмгарои мавсум ба “Эргенекон” – қасд доштаанд, дар кишвар ошӯбҳо барангезанд ва як силсила кушторҳо анҷом дода, кишварро ба домани беназмиҳо бикашанд ва бо ин роҳ давлати таҳти раҳбарии ҳизби Адолат ва Тараққиётро суқут диҳанд.


XS
SM
MD
LG