Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронӣ аз вазъ дар минтақаҳои ҳоил


Normal 0

Як дипломати баландпояи Амрико гуфт, вазъи амниятӣ дар манотиқи бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ҳаммарзи Гурҷистон то ҳол қаноатбахш нест. Ёвари вазири хориҷаи Амрико Дениэл Фрид дар пайи боздид аз рустоҳои гурҷии воқеъ дар минтақаҳои ҳоил, ки нирӯҳои Русия дар пайи низоъи низомии моҳи август миёни Русияву Гурҷистон ишғол карда буданд, гуфт, Амрико ба беҷошудагоне, ки акнун ба маҳалли зисти худ бармегарданд, кӯмак хоҳад расонд.

Нирӯҳои Русия минтақаҳои ҳоил дар атрофи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро, рӯзи 9 октябр тарк карданд.
XS
SM
MD
LG