Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибҳо 27 сарнишини як автобусро куштанд


Толибони афғон мегӯянд, онҳо 27 мусофири як автобусро ба қатл расондаанд ва бар инанд, ки мусофирон сарбозони давлат буданд. Толибон автобусро бо 50 сарнишинаш дар ноҳияи Майванди ҷануби шаҳри Қандаҳор боздоштанд ва афроди онро асир гирифтанд. Сухангӯи артиши Афғонистон Муҳаммадзоҳир Азимӣ ин хабарро, ки мусофирон сарбоз буданд, рад кард. Вай гуфт, шаш ҷасади бесар дарёфт шуда, аз амнияти гаравгонҳои боқимонда изҳори нигаронӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG