Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: натоиҷи бозиҳои даври 28-ум


Бозиҳои даври 28-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар меҳмонӣ «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар сафар «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. «Энергетик»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 62 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 59 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ се бозӣ камтар анҷом додааст. «Парвоз» бо 57 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

26

20

2

4

45-17

62

2.

«Регар» ТадАЗ

23

19

2

2

81-21

59

3.

«Парвоз»

24

18

3

3

55-18

57

4.

«Вахш»

26

16

3

7

43-23

51

5.

«Энергетик»

26

11

3

12

47-40

36

6.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

7.

«Тоҷиктелеком»

27

11

1

15

42-49

34

8.

CSKA «Помир»

28

7

2

19

21-59

23

9.

«Саройкамар»

27

6

4

17

35-57

22

10.

«Гвардия»

28

5

3

20

23-61

18

11.

«Равшан»

25

4

2

19

25-73

14

Даври 29-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон 26-уми октябр доир мегардад.

XS
SM
MD
LG