Лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) пиёда мешавад, шурӯъ аз соли 2007 ба НАМСБ ёрӣ мерасонад. Ин ёриҳо, аз ҷумла, аз баргузории давраҳои омӯзишӣ, таҷдиди таҷҳизот ва ироаи барномаҳои омӯзишиву машваратӣ барои соҳибкороне, ки нав ба ин ҷода қадам мегузоранд, иборат мебошанд.
Ба андешаи ҷаноби Маттиас Ҳалдер, раҳбари Лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон»-и GTZ, Лоиҳа барои рушди НАМСБ ва ба як созмони бонуфуз табдил гаштани он мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа ба боло рафтани нуфузи аъзои фаъоли Иттиҳодия баҳои баланд медиҳад.
Бар иловаи мусоидат ба иттиҳодияҳои тиҷоратии интихобшуда, Лоиҳаи GTZ як силсила корхонаҳои коркарди мева ва сабзавотро низ дастгирӣ мекунад. Ин дастгирӣ аз ироаи хадамоти машваратӣ ва таҷдиди озмоишгоҳҳои санҷиши сифат иборат аст.