Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба манъи шеваи салафии намозгузорӣ дар масҷидҳо даъват кардааст.

Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, гуфт, ин тасмим ахиран дар як нишасти Шӯрои уламо эълон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибдорони фирқаи салафиро мебояд дар масҷидҳои кишвар намозро бо шеваи ҳанафӣ гузоранд ва дар сурати саркашӣ беҳтар аст, ки масҷидро тарк кунанд.

Ҳамзамон яке аз намояндагони салафиҳо Раҳматулло Раҳматуллоев чунин тасмими Шӯрои уламои исломии кишварро мухолифи қонунҳои дунявӣ ва шариатӣ хондааст ва талаб кардааст, ки мақомот барои сохтани масҷиди салафиҳо дар ягон гушаи пойтахт замин ҷудо кунад.

Сӯҳбати радиои Озодӣ бо Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, дар ин мавзӯъро бо пахши ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи рост гуш кунед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG