Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зерсохтори миллии сифат"


Рӯзи 17 октябр дар Душанбе семинаре бо номи "Таҳияи зерсохтори миллии сифат ва танзимоти фаннӣ дар Тоҷикистон" баргузор шуд.

Ҳадафи аслии семинари мазкур таъкид бар аҳамияти таъсиси Зерсохтори миллии сифат ба ҳайси як сохтори муассир ва масъул мебошад, ки он ба меъёрҳои иқтисоди бозорӣ ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат посухгӯ бошад. Дар семинар ҳамчунин тарҳи Қонуни Танзимоти техникӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати суръат бахшидани раванди қабули ин қонун тавсияҳо дода шуд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Зерсохтори миллии сифат ва Танзимоти техникӣ метавонанд ниёзҳои афзояндаи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистонро бароварда созанд.

Дар ин семинар намояндагони вазорату идораҳои марбута, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд.

Семинар дар чаҳорчӯбаи Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мегардад, дар ҳамкорӣ бо Лоиҳа оид ба стандартизатсия (Иттиҳоди Аврупо) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузаронида шуд.

Мушовири байнулмилалии МБТ ҷаноби Абдул Азиз Мат ва раҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба стандартизатсия ҷаноби Даниэл Лаша ба ин нишаст даъват шуда буданд.

XS
SM
MD
LG