Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби "Ҷаҳоннамо" хоҳад шуд


Normal 0

Дар Тоҷикистон ба зудӣ як шабакаи ҷадиди иттилоотии телевизионӣ бо номи “Ҷаҳоннамо” ба пахши барномаҳояш шурӯъ мекунад. Раиси кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Асадуллоҳ Раҳмонов гуфт, ин шабака 24-соатӣ буда, дар марҳалаи аввал 60 дарсади қаламрави кишварро хоҳад пӯшонд. Ӯ афзуд, ба хотири таъмини кайфияти хуби кори “Ҷаҳоннамо” ба маблағи 320 000 доллар таҷҳизот харидорӣ шуда, ин шабака мехоҳад дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар мақари телевизиони арабии “Ал-Ҷазира”, низ дафтар боз кунад. Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, як хабарнигори “Ҷаҳоннамо” алакай дар Қатар сабти ном шудааст.

Асадуллоҳ Раҳмонов дар мавриди таъсиси телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон гуфт, тарҳи таъсиси ин шабака, ки қарор аст, соли оянда ба кор шурӯъ кунад, ҳанӯз дар дасти барррасӣ қарор дорад.


XS
SM
MD
LG